Click for latest discussions

Сехр ва мехр

Автор Firuz | в фарханг | май 16th, 2008
метки: нет меток

Сехр карди, мехр бахшидам зи кайхони дилам,
Дер карди, умри худро дар сурогат бохтам.
Суйи ту аз гулшукуф то охирин барги хазон,
Балки аз карни нахустин то ба акнун тохтам.
Аз гули когаз ситора кошта бар зулфи худ,
Дар зимистон аз яхи бахман бахоре сохтам.
Аз диле, ки сарпарасту саршиноси роз буд,
Сирри худро дар забони бадзабонандохтам.
Аз хазони ишки дар гулшукуф омад хабар,
Чун туро дар боги кас чун доги худ дарёфтам.
Гуфта будам бо ту будан то абад пайвастан аст,
Аз хатои худ хамемирам, туро нашнохтам.

Гулрухсор, 1980

Мусохиба бо Нозияи Кароматулло

Автор Firuz | в фарханг | май 16th, 2008
метки: нет меток

Хонандаи азизи ин сомона. Агар шумо дустдори хунари овозхон Нозияи Кароматулло хастед, ё мехохед дар бораи у итилоъи бештар пайдо бикунед пас суолхои худро ба мо ирсол доред.  Бо хохишу дархости бархе аз хонандагони ин сахифа, карор додем ки посухи Нозияро ба суолхои шумо пайдо бикунем. Сухбат бо Нозия дар асоси суолхои шумо доир мегардад. Бишитобед ва имконоти худро аз даст надихед…..

Нахустин блоги точикии футбол созмон ёфт

Автор Firuz | в варзиш | май 14th, 2008
метки: нет меток

Дар Точикистон нахустин блоги варзиши кушода шуд. Блоги Футболи Точикистон бо хати сириллик, бо забони точики боз шуда ва муаллифи он мегуяд, талош хохад кард, то хонандагонашро бо тозатарин навид ва иттилоот аз олами футболи Точикистон огох созад. Муаллифи Футболи Точикистон каблан низ блоги шахсии дигаре бо номи Шахриеристон боз карда буд, ва мегуяд, хеле хуб аст, ки ба охистаги мардуми Точикистон ба блогнависи ва блогхони ру меоранд. Сабаби блоги вижаи футболро боз карданашро муаллифи Футболи Точикистон чунин шарх медихад:

«Хеле вакт мехостам, дар интернет сомонае бошад, то бо хурдтарин чузъиети футболи Точикистон, тими мунтахаб, бозигарони точик, дастахо, иштироки онхо дар сабкатхои гуногун моро огох созад. Мутаассифона, чунин сомона нест. Чанд сомонахое, ки бахшхои вижаи варзиши доранд, бо ироаи танхо статистикаи хушку холо, ба монанди фалони фалониро бо хисоби фалон шикаст дод, иктифо мекунанд». (ещё…)

Бозрасони точикро тамрин медиханд

Автор Firuz | в иктисодиет | май 13th, 2008
метки: нет меток

Барои нахустин бор дар Точикистон рузхои 13-19 май давраи вижаи омузиши барои бозрасони молии (аудитор) аршади кишвар оид ба меъёрхои ISO 9000 баргузор мешавад. Ин давраи омузиши дар чахорчубаи барномаи «Пешбурди тичорат дар Точикистон» доир мегардад. Барномаи мазкур аз чониби Маркази байнулмилалии тичорат татбик ва аз тарафи хукумати Швейсария маблаггузори мешавад. 

Давраи омузиши имкон фарохам меорад, то намояндагони бахши хусуси, сохторхои марбутаи давлати ва ниходу ширкатхои хадамотрасон бо асос ва усулхои рохандозии низоми мудирияти сифат мутобик ба меъёри байнулмилалии мавсум ба ISO 9001 шинос шаванд. Ширкатдорони ин давра, хамчунин, раванди бозраси (аудит), бо шумули барномарези, тахияи хисобот ва икдомхои баъдии мутобик ба меъёри  ISO 9001-ро меомузанд. Яке аз нафъхои асосии меъёри байнулмилалии ISO 9001:2000, мудирияти ба истилох “чараёни”, идораи фаъолият ва расидагии фарогир ба таъмини сифати он мебошад. (ещё…)

Киштии замон -кисми дуйюм

Автор Firuz | в андеша | май 7th, 2008
метки: нет меток

Пулти вакт (time remout)

Оё  ягон асре пулт- и  ( дасгохи идора аз дур)  вакт ихтироъ хохад шуд? Он гох мешуд, тугмаи pause-ро зер кард ва охистакак иттичо (тараектория)-и зарбаи Фатхулло Фатхулоев ба дарвозаи Перуро дар U- 17 World Cup – 2007 дуруст намуд. Он гох мешуд Ферарии Шумахерро барои чанд сония боз дошт ва исмашро аз садри top racers точики хат зад. Пулт, ки на танхо тугмаи пауза дорад. Он гох мешуд ангушт руйи rev   ё back (назад) гузошт, хар боре агар харфеят дилаки духтараки ношиносаки сари кучаро тасхир карда натонист.

Боз  назад ба харфе дигар. Ва сад попитка, то якеаш удачно барояд. Тассавур кунед горатгарон ба банк медароянд, корманди банк пултро мегирад, дах дакика ходисаро кафо мебарад, ба пулис занг мезанаду мегуяд, ки hurry, guys.  Дар кудратат гардам панасоник. Ё  destiny LTD сахмияхои панасонику сониву и тогдалиро хамааашро харидааст? (ещё…)

Киштии замон - кисми аввал

Автор Firuz | в андеша | май 7th, 2008
метки: нет меток

Чанд руз пеш филме тамошо кардам. «Мы из будещего». Дар бораи чахор чавоне ки дар хавзе гутта мезаннанду, сар бардошта худро дар майдони чанг дар соли 1942 мебинанд.  Филми хуб.

Ба филмхои фантастики аз тифли шавк дорам аз чумла,  ба филмхое дар бораи сайр дар замон. Хеле фикр кардам, ки the time machine, Машина времениро дар точики чи бигуем. Машина ё мошинаи вакт гушхарош аст. хатми нест, чизеро калима ба калима тарчума бикунем. Шояд бехтар аст, киштии замонаш бигуем? Пешниходе хаст?

Киштии замон….

(ещё…)

Хурсанд Ёров- Нютони оянда (бахши якум)

Автор Firuz | в илм | май 6th, 2008
метки: нет меток

Хурсанд Ёров, хонандаи синфи 12-и гимназия-интернати «Хотам П.В.» дар олимпиадаи байнулмилалии илмхои нанотехнологи голиб шудааст.

Дар ин олимпиадаи байнулмилали, ки ахиран тавассути шабакаи Интернет баргузор шуд, намояндагони беш аз 20 кишвар ширкат намуданд ва намояндаи Точикистон Хурсанд Ёров чои аввалро сохиб шудааст.
 
Хурсанд  дар чое ба таври хос ин илми чадидро наомухтааст. У мегуяд, чунин як илм хатто дар ягон барномаи таълими хам чой надорад ва хам омузонида намешавад. Китобу дастурхои ин илми муосир дар чахон камёфтанд. Вале Хурсанд, ки дониши хуби илми дакик доштааст, мустакилона тарики интернет ба омузиши ин илми муосир пардохтааст. 
  (ещё…)

Хурсанд Ёров- Нютони оянда (бахши ду)

Автор Firuz | в илм | май 6th, 2008
метки: нет меток

Ба гуфтаи у, нанотехнология маънои тагйири хосияти чинсхоро дорад ва хусусияти мухимаш дар он аст, ки хар чиз ё маводро дар хурдтарин хачм, мавриди омузиш ва истифода карор медихад. Вай мегуяд, «Масалан, бо истифода аз заррахои нано мешавад обро аз тамоми вирусхояш пок кард ва ё, масалан, телефони мобиле мешавад сохт, ки хачмаш то андозае хурд бошад, ки хатто ба чашм нанамояд. Ва ё мо метавонем аз нано трубка як банде созем, ки диаметраш ба диаметри муй баробар бошаду, вале кашишу кувваташ метавонад чанд тон вазнро бардорад. Боварии одам намеояд, вале хаст хамин чиз».
 
Ба акидаи Хурсанд, бо омузиши ин илм метавон дар оянда дар хаёти инсоният таъгироти зиёде ворид кард. Бино бар ин, ба пиндори у, тахсил дар макотиби миёнаи кишвар бояд 12-сола гашта,  дар як соли ахири он бештар ин илм ба хонандагон таълим дода шавад. Хамчунин, ба фикри у, дар барномахои омузишии макотиби олии кишвар низ таълими ин илм руйи даст гирифта шавад.

(ещё…)

Киммати барк 50 % афзуд

Автор Firuz | в иктисодиет | май 6th, 2008
метки: нет меток

Киммати неруи барк дар кишвар аз авали мохи соли чори 50 дар сад боло рафт.

Бар асоси итилоъи  ширкати “Барки точик”,  хамакунун кимати 1 киловатт соат барк барои ахоли  аз 3,2 то 4,8 афзоиш ёфт. Барои корхонахои саноати нархи як киловатт соат барк 10,95 дирам, барои ширкати алюмении точик 5,15 дирам, барои тачхизоти баркии пойгохоии гармидихи 27 дирам ва барои муассисахои бучави 8 дирам муайн шудааст.  Бояд гуфт аз огози соли чори кимати барк дар Точикистон бори дуввум  аст ки боло меравад. Ахиран нархи як киловат неруйи барк 
20 % афзуда буд. Дар хамин холл тибки итилоъи вазорати иктисод ва тичорати Точикистон, афзоиши киммати барк дар чахорчуби стратегияи ислохоти бахши энергетики кишвар сурат гирифта, хадаф аз он мусоидат дар рушди иктисоди кишвар аст. (ещё…)

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт….

Автор Firuz | в фарханг | май 2nd, 2008
метки: нет меток

Гиристи, хай ачаб, дар пеши пойи ночавонмарде,
Ки у кадрат ба пушти пойи худ донад, худо бо у.
Гиристи, з-он ки бахтат вожгун омад ба даргохат,
Гиристй з-он ки мешй ту, хамин рузат чудо бо у.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сафхаи Куръон, варо ман чой медодам.
Ба сандуки дилам бо мехр, аз ин хорию зорият,
Ва ё ки дар cуруру мотамам барпой медодам.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сандуки мероси модар бо тамоми мехр.
Панах медодамат то ин чихози ишки поки ту,
Миёни сарчихози модарам бошад чу фолу сехр. (ещё…)

Следующая страница »