Click for latest discussions

Киштии замон -кисми дуйюм

Автор Firuz | в андеша | май 7th, 2008
метки: нет меток

Пулти вакт (time remout)

Оё  ягон асре пулт- и  ( дасгохи идора аз дур)  вакт ихтироъ хохад шуд? Он гох мешуд, тугмаи pause-ро зер кард ва охистакак иттичо (тараектория)-и зарбаи Фатхулло Фатхулоев ба дарвозаи Перуро дар U- 17 World Cup – 2007 дуруст намуд. Он гох мешуд Ферарии Шумахерро барои чанд сония боз дошт ва исмашро аз садри top racers точики хат зад. Пулт, ки на танхо тугмаи пауза дорад. Он гох мешуд ангушт руйи rev   ё back (назад) гузошт, хар боре агар харфеят дилаки духтараки ношиносаки сари кучаро тасхир карда натонист.

Боз  назад ба харфе дигар. Ва сад попитка, то якеаш удачно барояд. Тассавур кунед горатгарон ба банк медароянд, корманди банк пултро мегирад, дах дакика ходисаро кафо мебарад, ба пулис занг мезанаду мегуяд, ки hurry, guys.  Дар кудратат гардам панасоник. Ё  destiny LTD сахмияхои панасонику сониву и тогдалиро хамааашро харидааст? (ещё…)

Киштии замон - кисми аввал

Автор Firuz | в андеша | май 7th, 2008
метки: нет меток

Чанд руз пеш филме тамошо кардам. «Мы из будещего». Дар бораи чахор чавоне ки дар хавзе гутта мезаннанду, сар бардошта худро дар майдони чанг дар соли 1942 мебинанд.  Филми хуб.

Ба филмхои фантастики аз тифли шавк дорам аз чумла,  ба филмхое дар бораи сайр дар замон. Хеле фикр кардам, ки the time machine, Машина времениро дар точики чи бигуем. Машина ё мошинаи вакт гушхарош аст. хатми нест, чизеро калима ба калима тарчума бикунем. Шояд бехтар аст, киштии замонаш бигуем? Пешниходе хаст?

Киштии замон….

(ещё…)

Хурсанд Ёров- Нютони оянда (бахши якум)

Автор Firuz | в илм | май 6th, 2008
метки: нет меток

Хурсанд Ёров, хонандаи синфи 12-и гимназия-интернати «Хотам П.В.» дар олимпиадаи байнулмилалии илмхои нанотехнологи голиб шудааст.

Дар ин олимпиадаи байнулмилали, ки ахиран тавассути шабакаи Интернет баргузор шуд, намояндагони беш аз 20 кишвар ширкат намуданд ва намояндаи Точикистон Хурсанд Ёров чои аввалро сохиб шудааст.
 
Хурсанд  дар чое ба таври хос ин илми чадидро наомухтааст. У мегуяд, чунин як илм хатто дар ягон барномаи таълими хам чой надорад ва хам омузонида намешавад. Китобу дастурхои ин илми муосир дар чахон камёфтанд. Вале Хурсанд, ки дониши хуби илми дакик доштааст, мустакилона тарики интернет ба омузиши ин илми муосир пардохтааст. 
  (ещё…)

Хурсанд Ёров- Нютони оянда (бахши ду)

Автор Firuz | в илм | май 6th, 2008
метки: нет меток

Ба гуфтаи у, нанотехнология маънои тагйири хосияти чинсхоро дорад ва хусусияти мухимаш дар он аст, ки хар чиз ё маводро дар хурдтарин хачм, мавриди омузиш ва истифода карор медихад. Вай мегуяд, «Масалан, бо истифода аз заррахои нано мешавад обро аз тамоми вирусхояш пок кард ва ё, масалан, телефони мобиле мешавад сохт, ки хачмаш то андозае хурд бошад, ки хатто ба чашм нанамояд. Ва ё мо метавонем аз нано трубка як банде созем, ки диаметраш ба диаметри муй баробар бошаду, вале кашишу кувваташ метавонад чанд тон вазнро бардорад. Боварии одам намеояд, вале хаст хамин чиз».
 
Ба акидаи Хурсанд, бо омузиши ин илм метавон дар оянда дар хаёти инсоният таъгироти зиёде ворид кард. Бино бар ин, ба пиндори у, тахсил дар макотиби миёнаи кишвар бояд 12-сола гашта,  дар як соли ахири он бештар ин илм ба хонандагон таълим дода шавад. Хамчунин, ба фикри у, дар барномахои омузишии макотиби олии кишвар низ таълими ин илм руйи даст гирифта шавад.

(ещё…)

Киммати барк 50 % афзуд

Автор Firuz | в иктисодиет | май 6th, 2008
метки: нет меток

Киммати неруи барк дар кишвар аз авали мохи соли чори 50 дар сад боло рафт.

Бар асоси итилоъи  ширкати “Барки точик”,  хамакунун кимати 1 киловатт соат барк барои ахоли  аз 3,2 то 4,8 афзоиш ёфт. Барои корхонахои саноати нархи як киловатт соат барк 10,95 дирам, барои ширкати алюмении точик 5,15 дирам, барои тачхизоти баркии пойгохоии гармидихи 27 дирам ва барои муассисахои бучави 8 дирам муайн шудааст.  Бояд гуфт аз огози соли чори кимати барк дар Точикистон бори дуввум  аст ки боло меравад. Ахиран нархи як киловат неруйи барк 
20 % афзуда буд. Дар хамин холл тибки итилоъи вазорати иктисод ва тичорати Точикистон, афзоиши киммати барк дар чахорчуби стратегияи ислохоти бахши энергетики кишвар сурат гирифта, хадаф аз он мусоидат дар рушди иктисоди кишвар аст. (ещё…)

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт….

Автор Firuz | в фарханг | май 2nd, 2008
метки: нет меток

Гиристи, хай ачаб, дар пеши пойи ночавонмарде,
Ки у кадрат ба пушти пойи худ донад, худо бо у.
Гиристи, з-он ки бахтат вожгун омад ба даргохат,
Гиристй з-он ки мешй ту, хамин рузат чудо бо у.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сафхаи Куръон, варо ман чой медодам.
Ба сандуки дилам бо мехр, аз ин хорию зорият,
Ва ё ки дар cуруру мотамам барпой медодам.

Агар дурдонаи ашкат, ба руйи дасти ман мерехт,
Даруни сандуки мероси модар бо тамоми мехр.
Панах медодамат то ин чихози ишки поки ту,
Миёни сарчихози модарам бошад чу фолу сехр. (ещё…)

Суруди сол - 2007

Автор Firuz | в фарханг | май 1st, 2008
метки: нет меток

Баъд аз 3 мохи райъдихи, барандагони чоизаи суруди сол 2007 муайян шуданд. Шуруъ аз мохи январ то мохи март кабули дархост аз чониби овозхонон барои ширкат дар  озмуни сол идома дошт ва ба гуфтаи масъулин дар ин муддат беш аз 300 овозхон  довталаби кардаанд, ки  аз ин миён танхо 30 тарона овози бештар гирифтаву голиби озмун дониста шудаанд. Аммо ин голибият танхо  насиби овозхонони поп нагашт, як хусусияти хоси озмуни «Суруди сол»- и имсола хам ин буд, ки дар он сарояндагони хама навъхои мусики ба чуз аз жанри реп имкони ширкат намуданро доштанд.

Ба  хотири тамошои хунари голибони чоизаи «Суруди сол» бо дустам бо харидории билет бар ивази 100 сомони вориди толори кохи Вахдат шудем.  Толор аз тамошобин лабрез хам  набошад аммо холи низ набуд. Барномаи хунари 4 бахш,  таронахои шашмаком, опера, фалаку сурудхои мардуми ва эстрада. (ещё…)

Дарди ишк

Автор Firuz | в фарханг | май 1st, 2008
метки: нет меток

Хаме дунё аз ишки ман мегуфтанд,
Фидот бишам, чи тур хабар надошти?
Ту  чодахо шакоехо шукуфтанд,
Ту хуби ман, касди сафар надошти….

Дар шаби пурситора ба осмун нигох кун,
Ба он ситораи гам исми маро садо кун.
Хар чо гули хушке буд, буй кун шояд он манам,
Буйи атре ту дори, шикаста чону танам.

Бахор омад, хама гулхо руиданд,
Парвонахо ба ишки хам расиданд
Хуршеду моху дунё,
Харгиз туро канори ман надиданд. (ещё…)

Душанбе хостори кумаки мардум шуд

Автор Darius | в иктисодиет | апрель 29th, 2008
метки: нет меток

фиристодашуда аз суи Хуршеди Бахшоиш

Душанбе 

Шахрдори Душанбе аз раисон ва кормандони хамаи «вохидхои идории пойтахт», катъи назар аз шеваи мудирият ва тобеъияти идории онхо, хостааст, ки 50% аз дастмузди мохонаи худро дар моххои май ва жуан (июн)-и оянда ба хисоби сохтмони садди Рогун ворез кунанд. Ин дархост дар паи суханронии солонаи ахири раисичумхур Рахмон дар порлумон сурат гирифт. Рахмон дар он суханронй зимни эъломи ракамхои зидду накиз дар мавриди маблаги ихтисосии солонаи будчеи давлат ба сохтмони Рогун, авзоъ ва шароити эхдоси неругохро тавзех дод. Вай гуфт, ки барои мархилаи нахусти эхдоси садди Рогун худуди 600 милюн дулор лозим аст. Барои кишваре, ки будчеи солонааш худуди 700 милюн дулор баровард шудааст, ичрои ин таклиф такрибан номумкин ба назар мерасад. 

Шахрдории Душанбе дар баёнияи рузи душанбеи худ мегуяд, ки дар сурати ичрои ин дархост «бахши иктисодии фаъъоли шахрнишинон то рузи 15 жуие (июл) ба хисоби эхдоси неругохи обии Рогун 10 милюн дулор ворез хоханд кард». Дар ин баёния бар ахамияти сарнавиштсози садди Рогун дар дастёбии Точикистон ба истиклоли энержй таъкид шудааст ва мардуми Душанбе ташвик шудаанд, ки барои расидан ба ин хадаф мушорикат кунанд.   (ещё…)

Кудакони маълул, аммо боистеъдод….(бахши якум)

Автор Firuz | в чамъият | апрель 25th, 2008
метки: нет меток

Хайём аст навраси маълули точик, ки 15 сол боз аз пойи равон ва дасти гиро махрум аст. Дар оила у танхо нест ва як бародари дигари 16 солааш Хусрав низ фалач аст.

Хусрав ва Хаём аксари вакти худро ба мутолиаи китобхои бадеъи сарф карда, баъзан шеър эчод мекунанд.

Хусрав  мегуяд дар оянда орзуи шоир шуданро дорад ва мехохад дарду рузгори атфоли маъюбро ба риштаи назм кашад.

«Дар як руз 3-4 соат китоб мехонам, мехохам дар оянда шоир шавам» . (ещё…)

Следующая страница »